9 Сентябр 2023 - 14:40
 Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон муборак бод

Тоҷикистон имрӯз 32-умин солгарли истиқлолияти ин кишварро ҷашн гирифт.

Дар чунин рӯзе дар соли 1991, дар ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои Олии 12-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон, баёнияи Истиқлоли давлатии ҶумҳурииТоҷикисон ба тасвиб расид.

Ин баёния мабное барои тасвиби қатъномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурӣ "дар мавриди эъломи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" буд.

32 сол аз он замон мегузарад, Тоҷикистон тайи солҳои истиқлол фарозу нишебҳое дошта, ки онро пушти сар гузоштааст.

Рӯзи истиқлоли кишварро ба мардуми Тоҷикистон табрик мегӯем ва осмони ором бар болои сарашон, ва шодиву беҳрӯзӣ барояшон орзӯ мекунем.

342/